Дар Рӯшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар назар аст

Дар Рӯшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар назар аст

Аз 20 то 26 июли соли 2019 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур миёни занон ва мардон доир гардида, ғолибони чорабинӣ бо мадал ва диплом сарфароз гардонида мешаванд. Тибқи низомномаи мусобиқа даври аввал ва дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд. Ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа варзишгарон аз 5 минтақаи кишвар роҳхат пайдо намуда, шоми ин бегоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон комиссияи мандатии мусобиқа бо иштироки варзишгарони кишвар доир мегардад. Ғолибони мутлақи мусобиқа имконият пайдо менамоянд, ки минбаъд дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзанд.