Дар шаҳри Ваҳдат бахшида 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футбол доир гардид

Дар шаҳри Ваҳдат бахшида 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футбол доир гардид

Бо мақсади тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» миёни ҳамаи ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр бозии футболро роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи деҳаи Тангаӣ сазовори ҷойи аввал шуда, соҳиби ҷоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» гардид.

Ҷавонон аз ташкили чунин мусобиқаҳо ба ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» миннатдорӣ баён намуданд.

Ташкили чунин бозиҳо барои ҷалби ҷавонон ба варзиш, дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон, тарбияи ахлоқиву фарҳангии онҳо ва барои ифтихори милливу ватандорӣ, солимии ҷомеа, нагаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва баланд бадоштани фарҳангу маънавиёти онҳо мусоидати комил мекунад.

http://khovar.tj/