Даст кашидани Гризманн аз дастаҳои беҳтарин баҳри чӣ аст?

Даст кашидани Гризманн аз дастаҳои  беҳтарин баҳри чӣ аст?

Маҷаллаи «The Sun» навидеро мунташир намуд, ки ҳамлавари бошгоҳи «Атлетико»-и шаҳри Мадрид ва тими мунтахаби Фаронса Антуан Гризманн баҳри ба дастаи «Барселона» пайваст шудан аз пешниҳоди бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» ҷавоби радъ додааст. Қаблан хабаре дар ин маҷалла нашр шуда буд, ки маъмурияти бошгоҳи шаҳри Мадрид арзиши гузариши Гризманнро ба бошгоҳи дигар 300 миллион евро нархгузорӣ карда буданд.

Таҳияи Кова Тилавпур