Дастаҳои пешсафи ҷадвали УЕФА

Дастаҳои пешсафи ҷадвали УЕФА

Бошгоҳи “Реал Мадрид” мавсими чорум аст, ки дар раддабандии бошгоҳҳои УЕФА садрнишини ҷадвал эълон мешавад. Дар миёни бошгоҳҳои Аврупо “Реал” аз ҳама имтиёзи баланди рекордиро соҳиб шудааст. Қабл аз оғози мавсими ҷадид бошгоҳи шоҳона дар ҳисобаш 176, 999 имтиёз дорад. Дар зинаи дуюм бошгоҳи “Бавария” ва мақоми сеюм тими “Барселона” ҷойгиранд. Миёни кишварҳо бошад, дар садри ҷадвал Испания, дар ҷойҳои дуюму сеюм Олмон ва Англия ҷойгиранд. Тими “Реал Мадрид” тайи ду соли охир бо роҳбарии коршиноси фаронсавӣ ва собиқ футболбози дастон Зинедин Зидан Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро соҳиб мешавад. Коршиносон дар мавсими ҷадид низ пирӯзии бошгоҳи “Реал Мадрид”-ро пешгӯи мекунанд.