Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 моҳи июни дар Қатар ҷамъомади тамринӣ мегузаронад.

Бар асоси нақшаи ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ дар Давҳа 22 май оғоз шуда, то 3 июн идома хоҳад кард. 3 июн тими миллии мо барои бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили яккачини Урдун ба Аммон меравад. Ин дидор рӯзи 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва рӯзи 11-уми июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо тими миллии Покистон анҷом хоҳад дод.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 5

6 июн (панҷшанбе)

Оғоз – соати 22:30 ба вақти Душанбе

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Варзишгоҳи байналмилалии Аммон

Даври 6

11 июн (сешанбе)

Оғоз – соати 20:00

ТОҶИКИСТОН – Покистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ