Деле Алли: “Ҳадафи ман бозӣ кардан дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 аст. Мардум мегӯянд, ки "як сол боз дар майдон нест", аммо ба ман фарқ надорад"

Деле Алли: “Ҳадафи ман бозӣ кардан дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 аст. Мардум мегӯянд, ки "як сол боз дар майдон нест", аммо ба ман фарқ надорад"

Нимҳимуятгари дастаи “Эвертон” Деле Алли эълом дошт, ки нияти бозгашт ба ҳайати тими мунтахаби Англия дар Ҷоми Ҷаҳонии 2026-ро дорад. Нимҳимоятгари 28-сола аз моҳи феврали соли 2023 ба далели захм дар майдон бозӣ намекунад ва тобистони имсол агенти озод мешавад.

“Ман сатҳи худро медонам ва ба чӣ ноил шуда метавонам. Ман медонам, ки то чӣ андоза хуб шуда метавонам, вақте ки сарам дар ҷои худ аст ва худро хуб ҳис мекунам. Албатта, ман аз ҷароҳат ғамгинам, аммо ман интизорам, ки ба майдон баргардам. Аз канори майдон футбол тамошо кардан бароям душвор аст.

Ман ҳар рӯз дар телефонам соати 11:00 ёдраскуниро дорам: "Ҷоми Ҷаҳонии 2026". Ин ҳадафи ҳозираи ман аст. Ман медонам, ки одамон мегӯянд, ки "Ӯ як сол боз бозӣ намекунад", аммо ба ман фарқ надорад, ман сатҳи худро медонам. Иштирок дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 ҳадаф ва мақсади асосии ман аст”.

Айни замон ман танҳо дар бораи он фикр карда метавонам, ки ин осебам шифо ёбад ва ман ҳолати беҳтарини худро дар мавсими нав барқарор кунам ”гуфтааст, Алли ба Sky Sports.