Довари итолиёвӣ дар бозии Суперҷоми УЕФА ҳакамӣ мекунад

Довари итолиёвӣ дар бозии Суперҷоми УЕФА ҳакамӣ мекунад

Дар бозии Суперҷоми УЕФА довари итолиёвӣ Ҷанлука Рокки ҳакамӣ мекунад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти УЕФА иттилоъ медиҳанд. Ба Ҷанлука Рокки ёвронаш Эленито Ди Либераторе ва Мауро Тонолини кӯмак мерасонанд. Ёдовар мешавем, ки бозии Суперҷоми УЕФА санаи 8-уми августи соли ҷорӣ дар назар аст. Ҷоизадори Лигаи Чемпионҳо ва ҷомдори Лигаи Аврупо дастаҳои “Реал” ва “МЮ” бо ҳам неру месанҷанд.