Доварони тоҷик Лигаи чемпионҳоро ҳакамӣ мекунанд

Доварони тоҷик Лигаи чемпионҳоро ҳакамӣ мекунанд

Реферони ФИФА аз Тоҷикистон – Насрулло Кабиров ва Гулмуроди Саъдулло барои ҳакамии бозиҳои гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2018 даъват шудаанд. Насрулло Кабирови 32 сола аз шаҳри Норак ҳамчун довари захиравӣ дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО-2018 дар гурӯҳи “В” байни бошгоҳҳои “Ал - Ваҳда”  (АМА) ва “Ал – Духайл” (Қатар) даъват шудааст. Бояд қайд намуд, ки бозии мазкур 19-уми феврал дар назар дошта шудааст. Довари дигари 27 солаи тоҷик Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе, ки имсол ба ҳайати доварони эҳтиётии Осиё шомил шудааст, дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО-2018 дар гурӯҳи “Н” , ки дастаҳои “Шанхай Шэнхуа” (Чин) ва “Сидней” (Австралия) рақобат мекунад, ба ҳайси доаври чорум  иштирок мекунад. Рақобати мазкур санаи 21-уми феврал дар Шанхай баргузор мешавад.