Ду нишони тиллои самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Ду нишони тиллои самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 23-юмин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ бо иштироки варзишгарони пурқувват аз  15-кишвари гуногун баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз мунтахаби Тоҷикистон ба дарёфти ду нишони тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ даст ёфт. Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ бо иштироки размандагони 15 кишвари дунё бо шумули Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина, Белорус, Бразилия, Испания, Эрон, Афғонистон, Покистон, Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср  ва Тоҷикистон  ба анҷом расид. Қувваозмоиҳо дар Маҷмааи варзишии Хадамоти Алоқа ҷолибу диданӣ сурат гирифтанд. Дар ин маъракаи муҳташам 5-размандаи мо соҳиби медал гаштанд. Муин Ғафуров яке аз варзишгарони шинохта дар ин ришта дар вазни 62 кило бо шикаст додани ҳарифи украинии худ ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд. Дигар  размандаи тими Тоҷикистон Хуршед Назаров дар  вазни 57 кило   дар даври ниҳоӣ ҳарифи худро шикаст дода, соҳиби нишони тилло гардид.  Ҳамчунин Рамазонов Шаҳрзод  дар вазни +90 кило, Умед Ҳамраев дар вазни 90 кило ва  Суярбек Сайфов дар вазни 82 кило сазовори  медалҳои  нуқра гардиданд.  Файзиддини Раҷабалӣ  бошад, дар вазни 68 кило  ҳунарнамоӣ карда ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Хотиррасон мекунем, ки чунин дастоварди назаррас барои тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин риштаи варзиш бесобиқа унвон мешавад.