Дубли Бэйл ба “гаразмониҳо” пирӯзӣ овард

Дубли Бэйл ба “гаразмониҳо” пирӯзӣ овард

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал”-и Мадрид дар даври 30-юми Ла Лигаи Испания меҳмони тими “Лас-Палмас” гардид. Вохӯрӣ байни тимҳо дар майдони “Гран Канария” доир шуда, бо ҳисоби 3:0 ба суди тими шоҳона хотима ёфт. Дар ин дидор сафдари дастаи “Реал” Гарет Бэйл муаллифи дубл шуд ва як голи дигарро Карим Бензема ба номи худ муҳр зад. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ “Реал”-ро якчанд футболбози калидӣ аз қабили Роналду, Рамос, Кроос ёрӣ дода натавонистанд. Баъди ин ғалаба шогирдони Зидан бо касби 63 хол дар мақоми сеюми ҷадвал мавқеи худро мустаҳкамтар намуданд.

Чемпионати Испания. Даври 30-юм

Шанбе, 31 март

Жирона – Леванте 1:1

Голҳо: 1:0 – 54 Гранел, 1:1 – 68 Моралес.

Атлетик – Селта 1:1

Голҳо: 1:0 – 55 Нунйес, 1:1 – 90 Браис Мендес.

Лас-Палмас – Реал Мадрид 0:3

Голҳо: 0:1 – 26 Бэйл, 0:2 – 39, пеналти Бензема, 0:3 – 51, пеналти Бэйл.

Севиля – Барселона 2:2

Голҳо: 1:0 – 36 Васкес, 2:0 – 50 Муриэл, 2:1 – 88 Суарес, 2:2 – 89 Месси.

Якшанбе, 1 апрел

Эспанйол – Алавес 0:0

Леганес – Валенсия 0:1

Гол: 0:1 – 62 Родриго.

Эйбар – Реал Сосйедад 0:0

Малага – Вилярреал 1:0

Гол: 1:0 – 37, пеналти Чори Кастро.

Атлетико – Депортиво 1:0

Гол: 1:0 – 34, пеналти Гамейро.