Душанбе мизбони боз як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ

Душанбе мизбони боз як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ

Пас ас анҷоми рақобатҳо миёни наврасони то 16 сола ҳамакнун дар шаҳри Душанбе   Чемпионати CAFA-2019 миёни ҷавонони то 19 сола низ баргузор мешавад. Панҷ даста аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон барои муайян намудани беҳтарин байни ҳам сабқат мекунанд. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, мунтахабе, ки имтиёзи аз ҳама зиёдро ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад. Қобили зикр аст, ки иштирок дар ин чорабинӣ як марҳилаи омодагӣ барои ҷавонони то 19 солаи кишвар ба даври интихобии Чемпионати Осиё - 2020 ба шумор меравад. Даври аввали CAFA-2019 рӯзи 9 август шуруъ гардида, нахустин шуда мунтахаби Афғонистон бо Туркманистон ва Ӯзбекистон бо Эрон майдондорӣ мекунанд. Ҷавонони мо рақобатро аз даври дуюм рӯзи 10 август бо ҳамтоёни туркмании хеш оғоз менамоянд.

Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои (U-19)

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

17:00 – Афғонистон – Туркманистон

20:00 – Ӯзбекистон – Эрон

Даври 2-юм

10 август (шанбе)

17:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

20:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

12 август (душанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5-ум

15 августа (панҷанбе)

17:00 – Туркманистон – Ӯзбекистон

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешаванд.