ЭЪЛОН!!!

ЭЪЛОН!!!

Ба диққати ҳаводорони барномаҳои телевизиони «Варзиш» мерасонем, ки ба хотири  истифодаи дуруст ва таъсис додани феҳрасти ягонаи вожаву истилоҳоти варзишӣ телвизиони «Варзиш» барномаеро бо номи «Вожаварз» таҳия карданист. Дар барнома мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Институти забонҳо, олимону муҳақиқони забоншинос, донандаҳои хуби луғати варзишӣ, шореҳони риштаҳои мухталифи варзиш ва коршиносони соҳа ширкат меварзанд. Ба ин хотир, аз ҳамаи мухлисон ва бинандагони телевизиони «Варзиш» даъват мекунем, ки фикру андешаҳои худро оид ба талафуз ва истифодаи дурусти истилоҳоти варзишӣ то таҳияи барнома пешниҳод намоянд. Пешниҳоди шумо бе таваҷҷуҳ намонда, дар раванди суҳбат ба ҳайси намуна оварда мешавад. Дар барномаи аввал суҳбат атрофи 10 вожаи футболӣ  сурат мегирад, ки ин рўйхатро  пешкаши шумо мекунем. Кадом тарз дуруст аст ва ё ба шумо бештар писанд аст:

  • Пеналти - Ҷаримаи 11 метра
  • Капитан - Сардор
  • Болочўби дарвоза-Болочўб
  • Тири дарвоза - Сутуни дарвоза
  • Контрҳуҷум - Ҳуҷуми ҷавобӣ
  • Клуб- Даста, Бошгоҳ
  • Корнер - Тўби кунҷӣ
  • Офсайд - Ҳолати ғайрибозӣ
  • Голкипер -Дарвозабон
  • Форвард - Ҳамлагар, Ҳуҷумкунанда
Аз шумо хоҳиш дорем фикру андешаҳои худро перомуни ин калимаҳо, ки аз ҷониби шореҳони мо дар раванди бозиҳои футбол истифода мешаванд, ба суроғаи vozhavarz@gmail.com пешниҳод намоед.