Эрон бори 13-ум қаҳрамони Осиё оид ба футзал шуд

Эрон бори 13-ум қаҳрамони Осиё оид ба футзал шуд

Дар шаҳри Бангкок 17-умин Қаҳрамонии Осиё оид ба футзал ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоии мусобиқа тими мизбон Тайланд бо серҷоизатарин мунтахаби Осиё оид ба футзал Эрон андари майдони рақобат шуд.

Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии “Бангкок Арена” доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 4 ба фоидаи тими миллии Эрон анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати тими миллии Эрон – Маҳди Карими, Саид Аҳмад Аббоси, Алиасғар Ҳасанзода ва Боғер Муҳаммадӣ ба самар расониданд. Ягона голи Тайландро капитани даста Ҷирават Сорнвичиан марбути номи хеш кард.

Беҳтарин дарвозабони мусобиқа Боғир Муҳаммадӣ аз ҳайати тими миллии Эрон эътироф шуд. Саид Аҳмад Аббосӣ бо 8 гол аз ҳайати Эрон беҳтарин нишонзани мусобиқа эътироф шуд. 

Тайланд маротибаи сеюм дар финали Ҷоми Осиёи футзал ноком шуд. Тими футзали Эрон маротибаи 13-ум унвони қаҳрамониро дар Ҷоми Осиёи футзал болои сар бардошт. Қаблан тими футзали Эрон солҳои 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2005, 2007, 2008, 2010, 2016 ва 2018 унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд.