Фатҳи қуллаи дигари варзишгарони риштаи ҷиу-ҷитсу

Фатҳи қуллаи дигари варзишгарони риштаи ҷиу-ҷитсу

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар роҳи варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар сабқатҳои сатҳи байналмилаливу фароҷаҳонӣ кушода шуда, номоварони кишвар дар бонуфузтарин майдонҳои олам зери партави Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд ва бад-ин васила мулки аҷдодии хешро арзандаву шоиста муаррифӣ менамоянд. Хабарнигорони мо дишаб дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як зумра варзишгарони муваффақро, ки ба ватан медал оварданд истиқбол гирифтанд. Иштироку ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти сатҳи баланд аз соҳибистиқлоливу соҳибватании мардуми куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад. Аз ҷониби дигар Соли ҷавонон эълон шудани соли равон масъулияти ин қишри ояндасозу умедбахшро дуболо боло бурдааст. Ин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ ба масал кормандони мо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе навбатдор буданду паёпай аз дастоварди варзишгарони кишвар гузориш медоданд. Имрӯз низ мо паи ҳамин рисолати худ шабро дар фурудгоҳ саҳар кардем, ки метавон гуфт, на беҳудаву барабас. Чаро ки варзишгарони номовари тоҷик аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар Абу-даби баргузор шуд, бо ҳашт медал ба ватан баргаштанду мардумро шоду масрур гардонданд. Қобили тазаккур аст, ки масъулини риштаи мазкур ин дастовардро туҳфаи созовори варзишгарон ба Соли ҷавонон унвон намуда, аз пешбарандагони сиёсати варзишии мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва муҳайёсозии шароити мусоид изҳори сипос карданд.