Федерер гаронарзиштарин теннисбози олам гардид

Федерер гаронарзиштарин теннисбози олам гардид

Варзишгари швейтсарӣ Роҷер Федерер ҳамчун гаронарзиштарин тенисбози рӯи олам эътироф гашт. Ин варзишгар маротибаи 12-ум пайдарҳам ба ин натиҷа ноил мегардад. Новобаста ба он ки Федерер ин мавсим дар аксари мусобиқотҳо ширкат наварзид, дар 12 моҳи охир ӯ 64 млн доллар кор кардааст.  Қисми бештари ин маблағҳоро теннисбоз бо шарофати қарордодҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳое чун  Wilson, Credit Suisse, Mercedes, Rolex, Lindt, Jura, Moet & Chandon, Sunrise, NetJets ва Nike ба даст овардааст. Тибқи маълумоти Forbes имсол Федерер бо ширкати Barilla бо маблағи 40 млн доллар шартномаи панҷсола имзо намудааст. Ҳамчунин ин нашрияи маъруф қайд менамояд, ки Федерер ҳамчунин барои иштирокаш дар мусобиқоти гуногун маблағ талаб менамояд. Боиси қайд аст, ки ин теннисбоз маблағи зиёдро баҳри эҳсонкорӣ сарф менамояд. Аз ҷумла бунёди Федерер, ки соли 2004 таъсиси ёфта буд, барои барномаҳои таълимӣ дар Африқо 30 млн долларро харҷ намудааст.