Франк Рибери шояд “Бавария”-ро тарк намояд

Франк Рибери шояд “Бавария”-ро тарк намояд

Нимҳиммоятгари дастаи “Бавария”-и Мюнхен Франк Рибери шояд, ки дар анҷоми ин мавсим дастаи “Бавария”-ро тарк намуда, ба дасти “Марсел”-и Фаронса гузариш намояд. Худи футболбоз мехоҳад, ки ба дасти пешинааш баргардад.

Роҳбарияти дастаи “Марсел” аллакай бо Рибери гуфтушунидҳо гузаронидааст. То мавсими соли 2007 Франк дар дастаи “Марсел” ҳунарнамоӣ намудааст. Дар мавсими ҷорӣ хавбеки 34-солаи фаронсавӣ дар ҳайати “Бавария” 31 бозӣ анҷом додааст. Дар ин муддат ӯ бо задани 4 гол даст ёфтааст.