Гӯштингирони тоҷик соҳиби 2 медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ шуданд

Гӯштингирони тоҷик соҳиби  2 медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ шуданд

Санаи  19-уми сентябр дар 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар мусобиқаи гӯштини камарбандӣ варзишгарони тоҷик ширкат карда, соҳиби 2 медали биринҷӣ гардиданд. Хоҷаев Оятулло дар вазни -55 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон Теппей Ҳатано ғалаба карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар рақобат барои даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Таганташ Гуйшмамедов шикаст хурда, сазовори ҷойи сеюм шуд. Эркинбек Абдунабиев низ дар вазни -65 кило дар даври 1/8 ниҳоӣ бар варзишгари Ҳиндустон Ниранҷан Карлекар пирӯз шуда, дар даври 1/8 ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Тиркисгелдӣ Аязов мағлуб гашта, медали биринҷии бозиҳоро сазовор гашт. Шумораи умумии медалҳои Тоҷикистон ба 13 адад расид: 1 нуқра, 12 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар мақоми 20 қарор дорад.