Гимнастбозони тоҷик маҳорати худро сайқал медиҳанд

Гимнастбозони тоҷик маҳорати худро сайқал медиҳанд

Гимнастбозии ҳунарӣ аз риштаҳои варзиши зебо ва маъруфтарин дар ҷаҳон ба шумор рафта, шомили барномаи Бозиҳои олипӣ мебошад. Дар Тоҷикистон низ ба ин риштаи варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гимнастбозии ҳунарӣ кӯдакону наврасон ва ҷавонони зиёдро ба ҳам овард.

Дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гимнастбозии ҳунарӣ бо иштироки довталабон аз тамоми қаламрави кишвар сурат гирифт. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мураббиёну доварон ширкат намуданд. Масъулини варзиши мамлакат иброз доштанд, ки ба хотири баланд бардоштани маҳорати варзишгарони риштаи мазкур дар ояндаи наздик барои мураббиён курсҳои махсуси бозомӯзӣ ташкил карда мешаванд, ки тадбири мазкур барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани мусобиқаҳои минбаъда мусоидат мекунад. Дар ин чорабанӣ наздики 150 варзишгар ҳунар озмуда, барои зинаҳои ифтихорӣ талош намуданд. Дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гимнастбозии ҳунарӣ ду даста за шаҳри Душанбе, ду тими дигар аз вилояти Хатлон ва як гурӯҳ аз вилояти Суғд ширкат варзиданд, ки ба қасди дарёфти мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат намуданд. Мусобиқаи мазкур давоми рӯз идома намуда, баъд аз натиҷагирӣ аз ҳунару истеъдоди ҳар як иштирокчӣ ғолибонро ҳайати доварон муайян карданд. Дар вазъияти тантавӣ ба нафарони муваффақ медулу ифтихорномаҳо аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат тақдим гардид. Иштирокчиёни чорабанӣ ва масъулини он иқрор омаданд, ки бад-ин осо маъракаҳо ба рушду тавсеаи риштаи мазкур такони ҷиддӣ мебахшад.