Голҳои Левандовски ба “Барселона” дар Ла Лига 17 имтиёз овард, ки беҳтарин натиҷаи мавсими онҳо аст. Беллингем дуюм аст

Голҳои  Левандовски ба “Барселона” дар Ла Лига 17 имтиёз  овард, ки  беҳтарин натиҷаи мавсими онҳо аст. Беллингем дуюм аст

Рӯзи душанбеи 29-уми апрел бозии даври 33-юми Чемпионати Испания миёни дастаҳои «Барселона» ва «Валенсия» баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии каталониҳо бо ҳисоби 4:2 анҷом ёфт.

Роберт Левандовски дар ҳайати дастаи «Барселона» хет-трик кард. Ба шарофати 16 голи футболбози лаҳистонӣ каталониҳо дар Ла Лига 17 имтиёз ба даст оварданд, ки беҳтарин натиҷаи мавсими худ мебошад.

Дар ҷои дуюм дар ин нишондод нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем бо 17 гол қарор дорад, ки ба “Реал Мадрид” 14 имтиёз овард. Сегонаи аввалро Борха Майорал аз “Хетафе” бо 15 голу 14 имтиёз соҳиб шудааст.