Голи Месси дар дақиқаи 90-уми бозӣ “Барселона”-ро аз шикаст раҳо кард

Голи Месси дар дақиқаи 90-уми бозӣ “Барселона”-ро аз шикаст раҳо кард

Дастаи “Вилярреал” дар даври 17-уми чемпионати Испания бо дастаи “Барселона” рақобаташро бо мусовӣ 1:1 ба анҷом расонид. Дар ҳайати мизбонон голи ягонаро ҳамлагари даста Никола Сансоне таслими дарвозаи “Барселона” намуд. Аз ҳайтаи меҳмонон бошад ҳамлагар Лионел Месси дар дақиқаи 90-уми дидор аз зарбаи ҷаримави як голи зеборо ҷониби дарвозаи “Вилярреал” намуда дастаи хешро аз шикаст раҳонид. Каталониҳо баъд аз даври 17-ум бо 35 имтиёз дар зинаи 3-юми ҷадвали чемпионати Испания қарор доранд. Дастаи “Вилярреал” бошад бо 30 имтиёз дар зинаи 5-ум ҷой гирифтаанд.

"Вилярреал" – "Барселона" – 1:1 (0:0)

Голҳо: Сансоне, 49 (1:0). Месси, 90 (1:1)

"Вилярреал": Серхио Асенхо, Марио Гаспар, Музакко (Алваро Гонсалес, 87), Виктор Руис, Хауме, Хонатан дос Сантос, Тригерос, Б.Сориано, Р.Сориано (Эрнандес, 83), Сансоне, Пату (Самуэл Кастилехо, 76).

"Барселона": тер Штеген, Серхи Роберто, Пике, Маскерано, Дин (Арда Туран, 71), Бускетс, Инеста, Андре Гомиш (Д.Суарес, 68), Месси, Л.Суарес, Неймар.

Натиҷаҳои дигари даври 17-уми чемпионати Испания

"Реал" – "Гранада" – 5:0 (4:0)

Голҳо: Иско, 12 (1:0). Бензема, 20 (2:0). Криштиану Роналду, 27 (3:0). Иско, 31 (4:0). Каземиру, 58 (5:0).

"Эйбар" – "Атлетико" – 0:2 (0:0)

Голҳо: Саул, 54 (0:1). Гризманн, 74 (0:2).

"Селта" – "Малага" – 3:1 (1:0)

Голҳо: Аспас, 7 (1:0). Васс, 60 (2:0). Фонтас, 73 (3:0). Васс, 86 – аг (3:1).

"Бетис" – "Леганес" – 2:0 (0:0)

Голҳо: Рубен Кастро, 51 (1:0). Пиччини, 85 (2:0).

"Атлетик" - "Алавес" - 0:0

"Эспаниол" - "Депортиво" - 1:1 (0:0)

Голҳо: Борхес, 59 (0:1). Морено, 63 (1:1)

"Реал Соседад" - "Севиля" - 0:4 (0:2)

Голҳо: Бен Еддер, 25 (0:1). Бен Еддер, 29 (0:2). Сарабия, 73 (0:3). Бен Еддер, 83 (0:4).

"Бетис" – "Леганес" – 2:0 (0:0)

Голҳо: Рубен Кастро, 51 (1:0). Пиччини, 85 (2:0).