Голи Подолски ба тими Олмон ғалаба овард

Голи Подолски ба тими Олмон ғалаба овард

Тими мунтахаби Олмон дар майдони хеш бо дастаи мунтахаби Англия бозии рафиқона анҷом доданд. Дар ин дидор олмониҳо англисҳоро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Ягона голи ин вохӯриро бо иҷрои як зарбаи зебо ҳамлагар Лукас Подолски ба ҳадаф расонида, тими хешро аз мағлубият наҷот дод. Бояд қайд кард, ки барои футболбози 31-солаи олмонӣ ин охирин бозиаш дар тими мунтахаби Олмон ба шумор меравад. Подолски дар тими мунтахаби Олмон дар 130 бозӣ вориди майдон шуда, 49 голро марбути номи хеш намудааст. Бозии рафиқонаи дигар байни тимҳои мунтахаби Чехия ва Литва доир гардид. Дар ин бозӣ тими миллии Чехия дар майдонаш дастаи Литваро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Рақобати дигар байни дастаҳои Шотландия ва Канада бо ҳисоби мӯсови 1:1 хатм гардид.

Бозиҳои рафиқона

Олмон – Англия – 1:0 (0:0)

Гол: Подолски, 69.

Олмон: тер Штеген, Киммих, Хуммелс, Рюдигер, Хектор, Брандт (Шюррле, 59), Кроос, Вайгл (Эмре Ҷан, 66), Подолски (Руди, 84), Сане, Вернер (Мюллер, 77).

Англия: Харт, Смоллинг, Кэйхилл, Кин, Уокер, Дайер, Ливермор (Уорд-Проуз, 83), Лаллана (Редмонд, 65), Алли (Лингард, 71), Бертранд (Шоу, 84), Варди (Рэшфорд, 70).


Чехия - Литва - 3:0 (0:0)

Голҳо: Хоржава, 48 - пен (1:0). Янкто, 64 (2:0). Крменчик, 79 (3:0).


Шотландия – Канада – 1:1 (1:1)

Голҳо: Эйрд, 11 (0:1). Нейсмит, 35 (1:1).