Гузариши ҳимоятгари “Реал” ба “Манчестер Сити”

Гузариши ҳимоятгари “Реал” ба “Манчестер Сити”

Бошгоҳи футболи “Реал” гузариши ҳимоятгар Данилоро ба дастаи “Манчестер Сити” эълон намуд. Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти тими “Манчестер Сити” шаҳриҳо бо Данило қарордоди 5 сола ба имзо расонидаанд. Қаблан ВАО иттилоъ дода буд, ки бошгоҳи англисӣ барои ба даст овардани ин футболбози 26 сола 35 млн евро пардохт намудааст. Дар мавсими хотимаёфта, Данило дар 17 бозии дастааш вориди майдон шуда, ба задани 1 гол ва 2 партофти головар даст ёфтааст. Ҳимоятгар соли 2015 аз дастаи “Порту” ба тими “Реал Мадрид” гузар намуда буд.