Гвардиола беҳтарин футболбози эҳтимолии мавсими ПЛА-ро номбар кард

Гвардиола беҳтарин  футболбози эҳтимолии мавсими ПЛА-ро номбар кард

Сармураббии бошгоҳи «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола дар бораи беҳтарин бозигари эҳтимолии мавсими Премйер – Лига пас аз пирӯзии бузург муқобили “Брайтон” (4:0) ҳарф зад.

“Ба фикри ман, беҳтарин бозигари мавсими Премйер Лига кист? Фоден. Бешубҳа ӯ. Фақат бозии имрӯзаро тамошо кунед. Таъсири ӯ дар сеяки дигари майдон имрӯз назар ба ду-се бозии қаблӣ бештар зоҳир шуд. Вай қарорҳои хуб қабул кард ва гол задан ҳамеша шакли хуб аст. Ман фикр мекунам, ки ӯ ҳамон касест, ки эҳтимол аз ҳама бештар мехоҳад, ки қаҳрамониро ба даст орад ва ин бисёр чизҳоро нишон медиҳад", иқтибос меорад Sky Sports аз суханони Гвардиола.

Дар ин вохӯрӣ Фоден дубл ба даст овард ва ба шарофати он бо 16 гол дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарини чемпионати феълии Англия мақоми ҳафтумро касб кард. Ҳамчунин, Фодени 23 сола голи 50-уми хешро дар ПЛА ба самар расонид.

Дар маҷмӯъ, бозигари англис дар ин мавсим дар 48 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо дар сатҳи бошгоҳ 24 гол ва 10 ассист дорад. Нархи тахминии футболбоз, тибқи портали интернетии Transfermarkt, 130 миллион евро аст.