Гвардиолаи нотакрор

Гвардиолаи нотакрор

Сомонаи расмии хадамоти матбуотии ПЛА иттилоъ медиҳад, ки сармураббии бошгоҳи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола беҳтарин мураббии моҳи ноябр эълон шуд. Гвардиолаи нотакрор се маротиба пай дар ҳам ба гирифтани ин ҷоиза даст меёбад, ки ин шумора дар Англия рекорди бесобиқа унвон мешавад. Барои ба даст оваардани ин мукофот мураббиёни мазкур мубориза бурданд: Шон Дайч («Бёрнли»), Антонио Конте («Челси»), Юрген Клопп («Ливерпул»), Жозе Моуриню («Манчестер Юнайтед») ва Арсен Венгер («Арсенал»). Дар моҳи ноябр “МС” таҳти роҳбарии Хосеп чор бозӣ анҷом дода, дар ҳама рақобатҳо пирӯз шудааст.