Ифтитоҳи боз як майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи боз як майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Соли ҷавонон дар шаҳри Душанбе бунёди иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ бомаром идома дорад. Ин навбат дар маҳаллаи 82-юми ноҳияи Синои пойтахт боз як майдончаи варзишӣ ва макони дилхӯшӣ барои кӯдакону наврасон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Майдончаи варзишие, ки дар кӯчаи Н. Махсум, маҳаллаи 82-юм воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хурсандии сокинонро дуболо барангехт. Дар расми ба истифода супоридани иншооти варзишӣ кормандони масъули шаҳрдорӣ ва соҳаи варзиш иштирок намуданд. Иншооти мазкур аз майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фароғатии кӯдакона иборат буда, дар масоҳати 2 700 метри мураббаъ доман густурдааст. Иншоотро Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи як миллион сомонӣ бунёд намуда, тамоми корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Дорпроинвест” амалӣ кард.  Сокинони маҳалла бунёди иншооти варзиширо ҳамчун таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба беҳтару хубтар намудани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ маънидод карданд. Ин ҳама созандагиву бунёдкорӣ аз ташаббусҳои ҳамвораи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарчашма гирифта, баҳри фароҳам овардани шароити шоистаи зисту зиндагонии сокинон равона гардидаанд