Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар н. Айнӣ

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар н. Айнӣ

Дар доираи барномаи "Рушди футбол дар деҳот" як майдончаи хушсохти замонавӣ дар деҳаи Дичики ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ сохта ба истифода дода шуд. Майдончаи варзшӣ барои бозии футболи хурд дар макони бисёрҳам мувофиқ бо ташаббуси як қатор соҳибкорони маҳаллӣ  бунёд гардид.

Имрӯзҳо бо шарофати Истақлолияти комили мамлакат ҳама бахшҳои хоҷагии халқ дар кишвар ру ба тарақӣ ниҳодааст. Ба хусус соҳаи варзиш рӯз то рӯз пешрафт мекунад. Дар доираи барномаи "Рушди футбол дар деҳот" дар деҳаи Диҷики ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ майдончаи нави варзишӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати майдончаи варзишӣ 50 бар 25 метр буда, бо маблағи беш аз 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур роҳбарияти ноҳияи Айнӣ ва масъулини соҳаи варзиш ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, зимни суханронӣ иқдоми пешгирифтаи сохибкоронро шоистаи таҳсин хонданд. Зикр гардид, ки ин нахустин майдонча бо чунин сатҳу сифат дар ноҳия мебошад. Тавре ҳозирин иброз доштанд, ин ҳама аз неъмати Истиқлолияти кишвар буда, дар солҷашни 26-уми он туҳфаи арзанда ба насли наврасу ҷавони ин деҳот мебошад. Баъд аз маросими ифтитоҳи иншоот мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои деҳкадаҳо баргузор шуд. Дар баробари писарон мусобиқаи футбол миёни духтарон низ роҳандозӣ гардид. 

Ба иқрори сокинони маҳаллӣ то ин муддат майдони варзиши барои машқу бозии наврасону ҷавонон вуҷуд надошт. Онҳо чандин километрҳоро тай карда, ба дигар деҳаҳо барои бозӣ мерафтанд ва дастандаркорон бо истифда аз имкониятҳои доштаашон  акнун дар як гушаи деҳаи худ майдончаи замонӣ бундё карданд.