Ифтитоҳи варзишгоҳ аз ҷониби Пешвои миллат дар Дарвоз

Ифтитоҳи варзишгоҳ аз ҷониби Пешвои миллат дар Дарвоз

Дар маркази ҷамоати деҳоти “Сағирдашт” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро, ки дорои 400 ҷойи нишаст ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд. Дар рафти сохтмони иншооти варзишӣ 30 нафар мутахассисону бинокорони маҳаллӣ соҳиби кори муваққатӣ ва маоши хуб шуда, корҳо бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон тибқи лоиҳа ба анҷом расид.

Варзишгарони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои чунин ғамхории арзанда баҳри ҷавонони ноҳия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим изҳори сипосу минатдории худро ба Сардори давлат баён доштанд.

Дар шафати Варзишгоҳи “Карон-Арена” ҳамчунин пояи Парчами давлатӣ бо 20 метр баландӣ ва паҳнои 5 метр дарозӣ ва бараш бошад, 2 метрро ташкил медиҳад, ки барафрохта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳзари ом бо шумули доираи васеи алоқамандону роғибони варзиш нахустин тӯбро ба бозӣ дароварда, ба сабқати дастаҳои футболбоздухтарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз бахшид.

Дастаи футболбоздухтарони Бадахшон ҳамакнун 8 моҳ мешавад, ки ҳамвора машқи маҳорат мекунанду ҳунари варзишии худро дар ин замина ва бо иштирок дар чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию дохилӣ сайқал медиҳанд. Дастаи мазкур ба наздикӣ дар як чорабинии фароҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифта буд, иштирок намуд. Аз ҳамин мусобиқа, ки дар он дастаҳои

футболбозодухтарон аз 28 кишвари гуногуни дунё майдондорӣ карданд, хубони варзишкори бадахшӣ дар ҷамъбаст мақоми сеюмро марбути номи худ карданд.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Дарвоз таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш дар сатҳи зарурист. Дар ин гӯшаи кӯҳсору дурдасти Тоҷикистон толорҳои замонавии варзишию тарбияи ҷисмонӣ рӯи кор омодаанд, ки паҳлавонони маҳаллию нуқтаҳои маъмурии дигари вилоят дар инҷо машқу тамрин намуда, баҳри иштирок дар мусобиқоти сатҳи дохилӣ ва минтақавию байналмилалӣ худро ҳаматарафа омода месозанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати тадбиқи тадбирҳои муассиру саривақтӣ бо ҳадафи тарғибу ташвиқ, рушду ривоҷи варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маслиҳату машварат ва дастуру ҳидоятҳои судманд ироа намуд.