Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Ҷоми Африқо-2019 муайян шуданд

Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Ҷоми Африқо-2019 муайян шуданд

Баъд аз анҷоми бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Африқо-2019 ҳамаи иштирокчиёни даври ¼ ниҳоӣ муайян шуданд. Ҳамин тавр дар даври якчорфинал фардо 10-уми июл тимҳои Сенегал – Бенин ва Нигерия – Африқои Ҷанубӣ майдондорӣ мекунанд. Рӯзи 11-уми июл бошад, Мадагаскар – Тунис ва Кот-д`Ивуар – Алҷазоир рӯ ба рӯ мешаванд. Мухлисон ва ҳаводорон имкон доранд, ки рақобатҳои мазкурро мустақиман тавассути шабакаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” тамошо намоянд.