Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси Шӯрои ҷудои Осиё

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси Шӯрои ҷудои Осиё

Имрӯз, 18-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Конгресси навбатии Шӯрои ҷудои Осиё баргузор шуд. Дар ин ҷамъомад Убайд Ал Анзи аз кишвари Қувайт ба мақоми президенти Шӯрои ҷудои Осиё интихоб гардид. Убайд Ал Анзи, ки ягона номзад ва президенти феълии ин ниҳод дониста мешуд, бо ҷамъи овозҳои якхела бори дигар ба мақоми президентӣ дар ин созмон интихоб шуд. Тоҷикистонро дар ин Конгресс Президент ва ноиби Федератсияи ҷудои мамлакат Нурулло Лоиқов ва Парвиз Нориён намояндагӣ намуданд. Ҳамзамон Котиби генералӣ ва дигар вазифаҳои ифтихорӣ бозхонд гардиданд.