Испания дар даври нимниҳоӣ (Видео)

Испания дар даври нимниҳоӣ (Видео)

Баъди бозиҳои даври ¼ ниҳоии мусобиқоти Евробаскет-2017 аввалин иштирокчиёни марҳилаи ниманиҳоӣ муайян гардиданд. Мунтахабҳои Олмон ва Испания оид ба баскетбол дар даври ¼ ниҳоии мусобиқоти Евробаскет-2017 бо ҳам майдондорӣ намуданд. Рақобати дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Синан Эрдем Даум»-и шаҳри Истамбул сурат гирифта, бо ҳисоби 72:84 бо пирӯзии тими милии Испания ба анҷом расид. Баскетболбозони олмонӣ аз оғози дидор фаъол буданд ва чоряки аввалро бо ҳисоби 19:16 ба суди хеш ба поён бурданд. Вале мунтахаби Испания бо ташаббусу тараддуди ҳамвора дар бозӣ гардиши куллиро ба амал оварда, дар чоряки дуюм бо таносуби 18:14 ва дар чоряки сеюм бо ҳисоби 31:20 аз олмониҳо бартарии хешро таъмин намуд. Чоряки охирини дидор бо натиҷаи баробари 19:19 хотима ёфт, вале мунтахаби Олмонро ин аз шикаст дар маҷмуъ раҳо накард. Ҳамакнун мунтахаби Испания аз баракати ҳунарнамоии беҳамтои варзишгароне амсоли Марк Газол, ки дар ин бозӣ 28 имтиёзро ба номи худ муҳр зад, ба даври баъдӣ барои худ роҳ кушуд.

Евробаскет-2017. Даври ¼ ниҳоӣ

Олмон – Испания – 72:84 (19:16, 14:18, 20:31, 19:19)