“Истиқлол” чор футболбозашро ба иҷора дод

“Истиқлол” чор футболбозашро ба иҷора дод

Чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе чор нафар бозингарони худро ба дастаи «Барқчӣ» ба иҷора дод. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад. Тавре гуфта мешавад, чор нафар бозингарон-Шериддин Бобоев, Амирҷон Сафаров, Оятулло Сафаров ва Артур Шабрин то охири мавсими футболи соли 2017 шарафи дастаи «Барқчӣ»-ро ҳимоя хоҳанд кард. Дар сурати зарурати ин бозингарон ба «Истиқлол» даста метавонад дар вақти трансфери тобистона бозингаронро аз нав ба даста баргардонад.