"Истиқлол" дар финали Ҷоми Тоҷикистон

"Истиқлол" дар финали Ҷоми Тоҷикистон

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз рӯи натиҷаи ду бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 бар тими КМВА “Помир”-и Душанбе пирӯз шуда, ба финал баромад. Бозии ҷавобии ин ду даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардида, бо пирӯзии дастаи мизбон – КМВА “Помир” – бо ҳисоби 3:2 ба поён расид. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол” дар бозии аввали даври ниманиҳоӣ, ки 17-уми ноябр дар ҳамин варзишгоҳ барпо гардид, бар тими меҳмон - КМВА “Помир” - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ ҳисоб баробар – 3:3 – шуд ва бар асоси дастури мусобиқот ду голи дар майдони рақиб задаи “Истиқлол” ба даста пирӯзӣ овард. Зимнан, ҳарсе голи “Истиқлол” дар ду бозӣ ба ҳамлагар Дилшод Восиев мансуб аст. Ӯ дар бозии аввал голи ягонаро аз ҷаримаи 11-метра дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 16-ум, ба ҳадаф расонд. Дар бозии ҷавобӣ ду голи Дилшод “Истиқлол”-ро ба финал баровард.

Ҷоми Тоҷикистон. Даври нимниҳоӣ. Бозии ҷавобӣ

КМВА «Помир» - «Истиқлол» - 3:2

Голҳо: Дилшод Восиев, 6 (0:1). Комрони Мирзонаҷот, 41 (1:1). Шамсиддин Қосимов, 44 (2:1). Фирдавс Чақалов, 68 (3:1). Дилшод Восиев, 82 (3:2).

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Орзу Додхудоев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзонаҷот, Шарафҷон Солеҳов, Билол Сулаймонов, Самадҷон Шарифов, Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Артём Барановский, Александр Стетсенко, Табрези Давлатмир (Аҳтам Назаров, 46), Ромиш Ҷалилов, Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷони Ҳасан (Фарҳод Қосимов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Ҳомид Ғуломӣ, 46), Дилшод Восиев.