"Истиқлол" маротибаи сеюм соҳиби ҷоми ФФТ гардид

"Истиқлол" маротибаи сеюм соҳиби ҷоми ФФТ гардид

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт дидори ниҳоӣ дар доираи рақобатҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт. Баъд аз баргузории марҳилаҳои муқаддамотӣ ду бошгоҳи муқтадири кишвар барои худ ба даври мазкури майдондорӣ роҳ кушуданд. Барои ба даст овардани ин Ҷом тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-Тад-АЗ”-и Турсунзода вориди майдони набард гардиданд. Қисми аввали дидор бидуни гол ба поён расид. Дар ин бозӣ футболбозони дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардида, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварданд. Голи аввалини дидоро футболбози “Истиқлол” Дилшод Восиев дар дақиқаи 67-уми бозӣ ба ҳадаф расонид. Баъд аз якчанд лаҳза аниқтараш дар дақиқаи 89-уми бозӣ ин футболбоз голи дуюми дастаашро ба самар расонид. Ягона голи меҳмононро Алишер Шарипов дар дақиқаҳои изофӣ ба ҳадаф расонид. Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 31-уми дидор футболбози дастаи “Истиқлол” Сиёвуш Асроров аз сабаби вайрон намудани қоидаи бозӣ довар ӯро аз майдон ронд. Акнун маротибаи сеюм аст, ки тими “Истиқлол” Ҷоми мазкурро моли худ мекунад. Ба ҳамин тартиб нишони нуқраи мусобиқа насиби тими “Регар-Тад-аз”-и Турсунзода ва нишони биринҷӣ бошад, насиби дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ гардид. Нишонҳоро ба дастаҳо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон азҷумла, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва директори лигаи футболи мамлакат Алишер Урунов тақдим кард.

Ҷоми ФФТ. Даври ниҳоӣ

«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 1:2

Голҳо: Дилшод Восиев, 67 (0:1). Дилшод Восиев, 89 (0:2). Алишер Шарипов, 90+3 (1:2).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарипов, Фаррух Чориев, Фарҳод Холбеков (Комрон Турсунов, 77), Фируз Караев, Расул Пайзов, Бахтиёр Қаландаров, Бахтиёр Чориев, Шерзод Муҳамадиев (Азиз Мансуров, 78, Азим Тошев, Евгений Хотимский.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор (Соҳиб Саванкулов, 90+2), Артем Барановский, Амирбек Ҷурабоев, Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров, Ҷахонгир Эргашев (Ҷахонгир Алиев, 59), Фатхулло Фатхуллоев (Ромиш Ҷалилов, 75), Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 59), Дмитрий Барков.