Камбеки "Тоттенхэм" сабабгори аввалин голи сардодаи Буффон дар соли 2018

Камбеки "Тоттенхэм" сабабгори аввалин голи сардодаи Буффон дар соли 2018

Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бошгоҳи шаҳри Турин "Ювентус" бо "Тоттенхэм"-и Лондон рақобат намуд. Бозии мазкур бо голи тезкори Гонсало Игуаин дар дақиқаи 2-ум оғоз гардида, дар дақиқаи 9-ум боз ин ситораи футболи аргентина бартарии дастаашро дучанд гардонид. Пас-он эҳтимол рафт, ки туриниҳо бе мушкили пирузӣ ба даст меоваранд, зеро дар соли равон Ювентус на танҳо ноком балке голеро ба дарвозаи Буффони нотакрор сар надода буданд. Ғайричашмдошт "Тоттенхэм" баъди ин оғози бебарори худ тавонист ҳам бозиро ба дасти худ бигирад ва ҳам ҳисоби бозиро баробар намояд. Дар ин дастовард Ҳарри Кеӣн ва Кристиан Эриксен саҳмгузор гардиданд. Ҳарри Кейн дар навбати худ муаллифи аввалин голи сардодаи Буффон дар соли 2018 гардад. Ҳамзамон хотиррасон бояд намуд, ки дар дақиқаи 45-уми бозии мазкур Гонсало Игуаин натавонист аз зарбаи пеналти комёб шаваду бартарии дастаашро қавитар намояд ва ҳатто пирузиашро таъмин намояд.

Лигаи чемпионҳо - 2017/2018. Даври 1/8 ниҳоӣ. Бозии аввал

"Ювентус" (Италия) - "Тоттенхэм Хотспур" (Англия) - 2:2 (2:1)

Голҳо: Игуаин, 2 (1:0). Игуаин, 9 - пен (2:0). Кейн, 35 (2:1). Эриксен, 72 (2:2).