Канада аз Пхёнчхан дасти холӣ барнагашт

Канада аз Пхёнчхан дасти холӣ барнагашт

Мунтахаби Канада оид ба хоккей дар Бозиҳои олимпии замистонаи Пхёнчхан – 2018 барои нишони биринҷӣ бо тими Чехия рақобат намуда, рақибро бо ҳисоби 6:4 мағлуб сохт. Хотиррасон мекунем, ки канадагиҳо маротибаи сеюм дар таърихи хеш ҷоизадори нишони биринҷии ин чорабинӣ мешаванд. Нишони тиллои ду олимпиадаи гузаштаро низ Канада ба хазинаи худ бурда буд. Тими миллии Чехия бошад, ду олимпиадаи охирро бе медал тарк мекунад. Гарчанде, ки Канада ба таври ҳангомавӣ аз Олмон шикаст хурд, аммо ба хонааш дасти холӣ барнагашту бо худ нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Пхёнчхан – 2018 бурд .

Бозиҳои олимпӣ. Барои ҷойи сеюм

Чехия – Канада – 4:6 (1:3, 0:0, 3:3)

Голҳо: Эббетт - 1 (Робинсон, Граняни), 8:57 - 0:1. Ружичка - 1 (Червенка), 9:13 - 1:1. Келли - 1 (Голубеф, Клинкхаммер), 9:28 - 1:2. Рой - 2 (Козун, Бурк), 15:57 - 1:3. Эббетт - 2 (Козун, Голубеф), 45:50 - 1:4. Коварж - 2 (Горак, Ржепик), 46:36 - 2:4. Келли - 2 (Клинкхаммер), 49:37 - 2:5. Волски - 3 (Хауден), 55:23 - 2:6. Червенка - 2 (Накладал, Мертл), 56:26 - 3:6. Червенка - 3 (Горак, Мозик), 57:55 - 4:6.