Карлсен дар вақти изофӣ Карякинро мағлуб намуда қаҳрамони ҷаҳон шуд

Карлсен дар вақти изофӣ Карякинро мағлуб намуда қаҳрамони ҷаҳон шуд

Магнус Карлсен шоҳмотбози норвегигӣ дар вақти изофӣ бар варзишгари рус Сергей Карякин ғолибият ба даст овард ва ба унвони олии қаҳрамони ҷаҳон шарафёб шуд. Дар даври 4-уми қисми изофӣ Карякин дар гашти 50-ум бозиро бохт.

Ҳисоби вақти изофӣ 3:1 ба нафъи Карлсен ба анҷом расид. Барои пирӯзӣ ҳар як шоҳмотбоз бояд на камтар аз 2,5 имтиёз ба даст меовард.

Қаблан, бозӣ байни ин ду варзишгар бо ҳисоби 6 бар 6 анҷом ёфта буд.