Кейн андешаҳояшро пас аз бозӣ бо “Реал” баён кард

Кейн андешаҳояшро пас аз бозӣ бо “Реал” баён кард

Ҳамлагари “Бавария” Ҳарри Кейн дар бораи мусовӣ бо “Реал Мадрид” (2:2) дар бозии аввали нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо ибрози назар кард.

“Лигаи Чемпионҳо – ҳадафи асосии мо аст! Агар мо бо ягон роҳ соҳиби ҷоиза шавем, ин як мавсими афсонавӣ хоҳад буд, аммо ҳанӯз роҳи зиёде дар пеш аст.

Ин бозиҳои бузурге ҳастанд, ки дар зери маркази диққат бозӣ мекунанд. Атмосфераи аҷиб буд. Ман боварӣ дорам, ки ҳафтаи оянда низ ҳамин тавр хоҳад буд. Ман мехоҳам дар ин бозиҳои бузург бошам, чизи бузургтар аз ин нест. Мо метавонем аз бозии имрӯза бисёр чизҳои мусбӣ гирем. Якчанд ҷузъиёти хурде ҳастанд, ки мо бояд онҳоро ислоҳ кунем, зеро он дар бозии оянда ба фоидаи мо нахоҳад буд. Мо бояд ҳафтаи оянда ҳамарои дар майдон ислоҳ кунем.”гуфтааст Кейн ба TNT Sport.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 8 –уми май баргузор мешавад ва дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и Мадрид баргузор мешавад.