“Хуҷанд” ҳам аз легионерон рӯ гардонид

“Хуҷанд” ҳам аз легионерон рӯ гардонид

Дастаи "Хуҷанд" шартномаро бо се футболбози хориҷӣ қатъ кард. Сухан дар мавриди ду бозингари гурҷӣ Торнике Ҷишелашвилӣ, Давид Купатадзе ва ҳимоятгари ӯзбек Асилҷон Бигимқулов меравад. Тавре аз бошгоҳи футболи "Хуҷанд" ба мо иттилоъ доданд, дар ин маврид худи сармураббии даста Виталий Левченко ба хулоса омадааст, ки қарордоди ҳамкориро бо онҳо қатъ кунанд. Агар чи Торнике ва Асилҷон вақтҳои охир бештар аз курсии эҳтиётӣ ба майдон меомаданд, аммо Давид Купатадзе дарвозаи дастаи "Хуҷанд"-ро аз дақиқаҳои аввал ҳимоя мекард. Ӯ дар 18 бозии имсолаи "Хуҷанд" ба дарвозаи худ 18 тӯб сар додааст. Иллати аз даста рафтани ин фуболбозонро дар ҷалби бозингарони маҳаллӣ рабт медонанд. Бошгоҳи "Хуҷанд" ҳоло баъди 10 даври мусобиқаи Лигаи Олӣ бо касби 17 имтиёз баъди "Истиқлол" дар зинаи дуюм меистад.