Кормйе камарбанди қаҳрамониро ҳифз кард

Кормйе камарбанди қаҳрамониро ҳифз кард

Размовари 38 солаи  машҳури амрикоӣ Даниэл Кормйе дар вазни гарон маротибаи дуюм камарбанди қаҳрамониро ҳифз намуд. Мусобиқаи UFC 220 имрӯз дар шаҳри Бостони ИМА сурат гирифт, ки дар чорабинии мазкур рақобати асосӣ байни варзишгарон Даниэл Кормйе (ИМА) ва Волкан Оздемир (Швейтсария) ба шумор мерафт.  Дар раунди дуюми рақобат Кормйе рақиби худро бо нокаути техникӣ мағлуб сохта, маротибаи дуюми соҳиби камарбанди вазни гарони ин ришта гардид. Ин ғалабаи 21-уми Кормйе дар корномаи варзишиааш ба шумор меравад.