Кристиан Карамбё Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Душанбе овард
Дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» баргузор шудааст, Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол пас аз зӯҳри дирӯз, 5-уми феврал, ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол ва ширкати «Coca Cola»-ро, ки Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Душанбе оварданд, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол кард. Дар паи ин маросим бо иштироки меҳмонон ва мақомоти Федератсиони футболи Тоҷикистон дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и Душанбе нишасти хабарӣ шурӯъ шуд. Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки дар ҳавопаймои махсус ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид, футболбози маъруф Кристиан Карамбё, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, ғолиби дукаратаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Фаронса ва тими “Реал”, роҳбаладӣ мекунад. Бо Ҷоми тиллоӣ, ки дар витрина ё қафаси махсуси шишагӣ дар маҷмааи «Кохи Борбад» гузошта шуд, ҳазорҳо сокинони маҳаллӣ ва муштариёни «Coca Cola» аксбардорӣ мекунанд.