Курси такмили ихтисоси мураббиёни таэквондо дар Душанбе

Курси такмили ихтисоси мураббиёни таэквондо дар Душанбе

22 июл дар шаҳри Душанбе курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни таэквондои ҷаҳонӣ оғоз гардид, ки то 29 июл идома меёбад. Машғулиятҳои назариявию амалӣ барои 20 мураббии ҷавон аз ВМКБ, шаҳри Душанбе вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо мегузаранд. Ба иштирокчиён коршиносони дараҷаи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Корея - Лим Ҷаэҳюн ва Ҷонг Ҳо Бак нозукиҳои ин намуди олимпии варзиш ва усулу қоидаҳои нави таэквондоро меомӯзонанд. Ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи таэквондо WT-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Таэквондои ҷаҳонӣ дар доираи Барномаи «Курсҳои омӯзишӣ-техникӣ барои мураббиён»-и Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки таэквондои ҷаҳонӣ яке аз варзишҳои намуди олимпӣ буда, ба монанди дигар намудҳои варзиш дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд мебошад. Айни замон беш аз 80 ҳазор наврасу ҷавон дар сартосари кишвар ба ин намуди варзиш машғуланд.

Манбаъ: http://olympic.tj/