Лаллана ба тамринҳои асосии “Ливерпул” баргашт

Лаллана ба тамринҳои асосии “Ливерпул” баргашт

Нимҳимоятгари дастаи “Ливерпул” Адам Лаллана баъди барқарор намудани вазъи саломатӣ ба тамринҳои ҳайати асосии бошгоҳи “Ливерпул” баргашт.

Номбурда қалбан дар бозии рафиқона бар зидди тими мунтахаби Испания ҷароҳат бардошта буд.

Сомонаи расмии “Sky Sport” хабар дод, ки хавбеки бритонёӣ баъди барқарори саломатии хеш ба тамринҳои асосиии дастаи “Ливерпул” шомил гардид.

Эҳтимол аст, ки Адам дастаи “Ливерпул”-ро дар бозӣ бар муқобили дастаи “Борнмут” кӯмак намояд.

Инчунин, ба майдон баромадани ҳамлагарон Роберто Фирмино ва Дивок Ориги бар зидди “Борнмут” дар назар аст.