“Лестер” барканории Шекспирро тасдиқ кард

“Лестер” барканории Шекспирро тасдиқ кард

Бошгоҳи “Лестер Сити” иттилоъ медиҳад, ки ҳамкорӣ байни даста ва Крейг Шекспир қатъ карда шуд. Шекспир баъд аз барканор шудани сармураббии собиқи даста Клаудио Ранйери аз зимистони соли гузашта то инҷониб мураббигии дастаи мазкурро бар душ дошт. Ин коршиноси 53 сола дар мавсими гузашта тавонист, ки дастаи “Лестер”-ро дар Премйер – Лигаи Англия нигоҳ дорад. Баъд аз ин ӯ бо даста қарордоди ҳамкории се сола ба имзо расонид. “Лестер” мавсими навро дар ПЛА бебарор оғоз намуд. Дар 8 даври сипаришуда “Лестер Сити” танҳо шаш имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 18-уми ҷадвал ҷой гирифтааст.  Баъди ин нокомиҳо роҳбарияти бошгоҳи англисӣ тасмим гирифт, то ки бо  Шекспир шартномаро қатъ намояд. Дар бозӣ бар муқобили “Суонси Сити” 21-уми октябр дастаро мураббӣ Майкл Аплтон роҳбарӣ хоҳад кард. Тибқи маълумотҳо то ҳол бошгоҳи “Лестер” дар бораи таъин намудани сармураббии нав иттилоъ надодааст.