“Лестер” “Ливерпул”-ро барканор кард (Видео)

“Лестер” “Ливерпул”-ро барканор кард (Видео)

Дар бозии даври 3-юми мусобиқаи Ҷоми лигаи футболи Англия дастаи “Лестер Сити” дар замини худ тими “Ливерпул”-ро шикакст дод. Вохӯрӣ дастаҳо дар варзишгоҳи “Кинг Пауер”-и шаҳри Лестер сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи соҳибони замин ба анҷом расид. Голҳо ба номи Синзи Окадзаки ва Ислам Слимани сабт гардиданд. Баъди ин бохт шогирдони Клопп аз идомаи Ҷоми лигаи Англия маҳрум шуданд.

Ҷоми лигаи Англия. Даври 3-юм

«Лестер Сити» (Лестер) – «Ливерпул» (Ливерпул) – 2:0 (0:0)

Голҳо: Окадзаки, 65. Слимани, 79 

 

«Вест Хэм Юнайтед» (Лондон) – «Болтон» (Болтон, Д2) – 3:0 (2:0)

Голҳо: Обгонна, 4. Сахо, 30. Масуаку, 90

«Кристал Пэлас» (Лондон) – «Хаддерсфилд Таун» (Хаддерсфилд) – 1:0 (1:0)

Гол: Сако, 14

«Бристол Сити» (Бристол, Д2) – «Сток Сити» (Сток-он-Трент) – 2:0 (0:0)

Голҳо: Деду, 51. Тэйлор, 61

«Брентфорд» (Брентфорд, Д2) – «Норвич Сити» (Норвич, Д2) – 1:3 (0:1)

Голҳо: Кларк, 90 – Вранчич, 10 (аз пеналтӣ), 51. Мерфи, 69

«Астон Вилла» (Бирмингем, Д2) – «Мидлсбро» (Мидлсбро, Д2) – 0:2 (0:0)

Голҳо: Бэмфорд, 58 (аз пеналтӣ), 67

«Рединг» (Рединг, Д2) – «Суонси Сити» (Суонси) – 0:2 (0:0)

Голҳо: Моусен, 52, Айю, 83

«Тоттенхэм Хотспур» (Лондон) – «Барнсли» (Барнсли, Д2) – 1:0 (0:0)

Гол: Алли, 65.