Лигаи қаҳрамонҳои Осиё: натиҷаҳои марҳилаи 5-ум

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё: натиҷаҳои марҳилаи 5-ум

Дирӯз дар доираи рақобатҳои марҳилаи 5-уми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё чанд дидор миёни дастаҳои номҷӯи кишварҳои мухталифи қора баргузор гардид. Бозиҳо маҷрои басо шадиду диданиро касб намуда, дар ҳеҷ кадоми сабқатҳо соҳибони замин бартарии худро собит сохта натавонистанд. Дар доираи бозиҳои даври 5-уми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастаҳои Ал-Фотеҳ”-и арабистони Саудӣ ва Истиқлол Хузистони Эрон бо ҳам қувва озмуданд. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 85-уми рақобат аз тарафи бозигари Ал-Фотеҳ”- Алӣ Ал Зақан кушода шуд. Дар як дақиқаи илова намудаи довар ба нимҳимоятгари тими “Истиқлол” Хузистон Салмон Баҳромӣ мушарраф гардид, ки тӯбро вориди дарвозаи ҳариф намояд. Бо ҳамин ҳисоб, яъне 1:1 ин рақобат ба поён расид.

Дар бозии дигар дастаҳои “Истиқлол”-и Теҳрон”- И Эрон ва “Ал-Аҳл”-и Дубай бо ҳам майдондорӣ намуданд. Ин рақобат дар варзишгоҳи “Озоди”-и шаҳри Теҳрон баргузор шуда, бо ҳисоби 1;1 хатм шуд. Нахуст дар дақиаи 17-ум нимҳимоятгари “Ал – Аҳл”-и Абдулазиз Сақоур ба задани гол даст ёфт. Сипас дар даиқаи 58-ум ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Теҳрон Ризоӣ ҳисобро баробар сохт.

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё. Даври 5-ум

Ал-Ҷазира (АМА) - Лехвия (Чин) 1 : 3

Эстеглал Тегеран (Эрон) - Ал-Ахли Дубай (АМА) 1 : 1

Ал-Фат (А. Саудӣ) - Эстеглал Хузестан (Эрон) 1 : 1

Истерн АА (Гонконг) - Гуанчжоу Эвергранд (Чин) 0 : 6

Локомотив Ташкент (Ӯзбекистон) - Ал-Таавон (А. Саудӣ) 4 : 4

Тсзянсу Сайнти (Чин) - Чеҷу Юнайтед (К. Ҷанубӣ) 1 : 2

Гамба Осака (Ҷопон) - Аделаида Юнайтед (Австралия) 3 : 3

Сувон Блюуингс (К. Ҷанубӣ- Кавасаки (Ҷопон) 0 : 1