"Ливерпул" айши “ашрофзодаҳо”-ро талх кард

"Ливерпул" айши “ашрофзодаҳо”-ро талх кард

Мақсади ягонаи “Ливерпул” ин мавсим дар Премйер – лигаи Англия қаҳрамон шудан аст. Дар ҳақиқат ҳам мухлисон ва ҳаводорони “сурхпӯшҳо” солҳои дароз аст, ки муштоқи ҷоизаи Чемпионати Англия мебошанд. Шогирдони Клопп ин мавсим дар ПЛА шикастнопазиранд ва то ҳол ягон даста қудрати имтиёз ситондан аз онҳо накардааст. Рақиби асосии “Ливепул”, “Манчестер Сити”, ки дар мавсими гузашта онҳоро қаҳрамоншавӣ намонд, аллакай дар оғози мавсим шаҳди бохтро чашидааст. Дар даври 6-уми ПЛА “Ливерпул” ба меҳмонии “ашрофзодаҳо”- лондонӣ сафар намуд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи соҳибноми “Стемффорд Бриҷ” сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба суди “Ливерпул” хатм шуд. Дар айни ҳол “Ливерпул” бо касби 18 хол пешсафи ҷадвали ПЛА аст. “Ашрофзодаҳо” бошанд, бо доштани 8 имтиёз дар зинаи 11-ум қарор доранд.

Чемпионати Англия

Даври 6-ум

“Челси” – “Ливерпул” – 1:2

Голҳо: Трент Александер – Арнолд 14, Роберто Фирминю 30, Н’Голо Канте 71.