"Ливерпул" ба дарвозаи "Борнмут" се гол зад, аммо шикаст хурд

"Ливерпул" ба дарвозаи "Борнмут" се гол зад, аммо шикаст хурд

"Ливерпул" бо бартарияти ду гол пешсаф буд, аммо дар охири вохӯрӣ пирӯзиро "Борнмут" ба даст овард. То баргузор намудани бозӣ бо Борнмут "Ливерпул" дар 11 вохӯрӣ пайҳам ба шикаст дучор нагардида буд. Садио Мане дар дақиқаи 20 –уми бозӣ ҳисобро боз намуд ва баъд аз ду дақиқаи дигар Дивок Ориги голи дуюми "Ливерпул"-ро ба ҳадаф расонид. Дар 56-умин дақиқаи вохӯрӣ Каллум Уилсон аз зарбаи 11 метра ҳисоби голҳои "Борнмут"-ро кушод. Баъд аз 7 дақиқа меҳмонон бо голи задаи Эмре Ҷан ҳисобро боз ҳам бо тафовути ду гол расониданд. Дар 15 дақиқа мондан ба анҷоми ин бозӣ футболбозони "Борнмут" зери роҳбарии Эдди Хау натиҷаи рақобатро кулан таъғир доданд. Райан Фрейзер голи дуюми дастаашро ба дарвозаи "Ливерпул" зад ва дере нагузашта, маҳз ӯ партофти головарро ба шарикаш Стиву Куку таъмин намуд ва ҳисоби бозӣ 3:3 гардид. "Ливерпул" хост ин бозиро наҷот диҳад, аммо боз як голи дигар хурд, ки онро Натану Аке дар дақиқаи 93-уми рақобат ба дарвозаи тими меҳмон ворид намуду пирӯзии "Борнмут"-ро таъмин намуд.

Англия - Премер-лига. Даври 14

Борнмут (Борнмут) – Ливерпул (Ливерпул) – 4:3

Голҳо: Мане, 20 (0:1); Ориги, 22 (0:2); Уилсон, 56 (1:2, пен); Ҷан, 64 (1:3); Фрейзер, 76 (2:3); Кук, 78 (3:3); Аке, 90+3 (4:3).

Огоҳӣ: Уилшир, 48; Фрэнсис, 50 – Хендерсон, 53; Ҷан, 87.