«Ливерпул” «Марибор» - ро торумор намуд

«Ливерпул” «Марибор» - ро торумор намуд

Дар даври сеюми рақобатҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дастаи англисии “Ливерпул” бар “Марибор” дар сафар бо ҳисоби 7-0 ғолиб омад. Аллакай то дақиқаи 19-уми рақобат дастпарварони Юрген Клопп бо шарофати голҳои Роберто Фирмино, Фелиппе Коутиню ва Муҳаммад Салоҳ бо ҳисоби 3-0 дастаи словениро мувоҷеҳи шикаст намуданд. Дар нафасҳои охири нимаи аввал Салоҳ дублро ба номи хеш сабт кард. Муҳаммад Салоҳ дар нимаи дуюм низ як голи дигарро ба ҳадаф расонд. Дар нафасҳои охири дидор бошад Алекс Окслейд-Чемберлен ва Трент Александер-Арнолд 2 голи дигари мерсесайдиҳоро ба самар расонданд.  Пас аз даври сеюми рақобатҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дастаҳо дар гурӯҳи Е ба таври зерин қарор доранд:

1.      «Ливерпул» — 5 хол

2.      2. «Спартак» — 5 хол

3.      3. «Севиля» — 4; хол

4.      4. «Марибор» — 1 хол