Маблағи рекордии ПСЖ барои Мбаппе

Маблағи рекордии ПСЖ барои Мбаппе

Роҳбарияти бошгоҳи футболи ПСЖ -и Фаронса мехоҳад, ки ҳамлагари тими “Монако” Килиан Мбаппеи ҷавонро дар даста бубинад. Чуноне, ки сомонаи расмии Goal.com иттилоъ медиҳад, тими ПСЖ омодааст, ки барои футболбози 18 солаи фаронсавӣ маблағи рекордӣ яъне 135 миллион евро харҷ намояд. Бояд қайд кард, ки худи Мбаппе қарори бошгоҳи шоҳонаи “Реал”-и Мадридро пазируфтааст. Гаразмониҳо тайёр ҳастанд, ки барои футболбоз 130 миллион евро пардохт намоянд. Шартномаи Мбаппе бо дастаи “Монако” то соли 2019 муқаррар шудааст. Дар мавсими гузашта, ҳамлавар дар 44 бозии дастааш ба майдон баромада, ба задани 26 гол даст ёфтааст.