“Манчестер Сити” барои Доннарумма 120-150 млн евро пешниҳод намуд

“Манчестер Сити” барои Доннарумма 120-150 млн евро пешниҳод намуд

Ҳайати роҳбарони бошгоҳи “Манчестер Сити” мехоҳанд, ки дарвозабони ҷавони тими мунтахаби Италия ва дастаи “Милан” Ҷанлуиҷи Доннаруммаро дар дастаи хеш бубинанд. Дар моҳи ноябри соли гузашта тибқи расонаҳо манчестриҳо барои ба даст овардани ин даврозабон бо дастаи “Милан” гуфту шунидҳо анҷом дода буданд. Тибқи маълумоти маҷаллаи машҳури итолёвӣ "Sky Sport Italia" ҳайати роҳбарони дастаи “Манчестер Сити” барои харидори намудани дарвозабони 18-сола аз 120 то 150 млн евро сарф хоҳанд кард. Дар бошгоҳи англисӣ ҳама мегуянд, ки Доннарумма яке аз муддаиёни асоси ба ҷои дарвозабон Ҷо Харт мешавад ва ба дарвозабоҳои дигар ба монади Кабалеро ва Браво кам аҳамият дода мешавад. Гузариши футболбоз ба дастаи “Манчестер Сити” аз худи ӯ вобаста аст, шояд бо дастааш шартномаи нав ба имзо расонад ё не. Ёдовар мешавем, ки қарордоди футболбоз бо дастааш то соли 2018 мебошад. Қаблан Ҷанлуиҷи қайд намуда буд, ки ман дар “Милан” хушбат ҳастам ва дар ин даста солҳои зиёд мемонам.